ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ин арзёбӣ ки ахиран нашр шуд, вазъи 163 кишвари ҷаҳонро баррасӣ кардааст, ки Исландия амнтарин ва Афғонистон дар садри охири ҷадвали амнтарин кишварҳои ҷаҳони қарор гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон ба нақл аз хабаргузории “Омоҷ Нюз”.
Бар бунёд ёфтаҳои шохиси ҷаҳонии сулҳи кишварҳои Зиландияи нав, Ирландия, ДАния, Австралия, Партугалия, Словения, Чехия, Сингапур ва Ҷопон ба тартиб аз мақоми дувум то даҳуми амнтарин кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ шудаанд.
Дар феҳристи кишварҳои амн ва ноамн аз сӯии шохиси ҷаҳонии сулҳ, ҳама сола ба рӯзрасонӣ мешавад. Кишварҳои Сурия ва Яман дар канори Афғонистон ба тартиби мақомҳои 161 то 163-ро гирифта ва ноамнтарин кишварҳои ҷаҳон ҳисоб шудаанд.
Шохиси ҷаҳонии сулҳ афзудааст, ки дар 90 кишвари ҷаҳон сулҳ беҳбуд ёфта ва дар 71 кишвари дигари сулҳ рӯ ба вихомат рафтааст.
Интихоби номи Афғонистон ба унвони ноамнтарин кишвари ҷаҳон дар ҳолест, ки толибони ҳамвора таъкид кардаанд, ки пас аз тасаллути онон дар Афғонистон ба амнияти саросарӣ даст ёфтааст.