ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба як макони камхарҷ барои русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав табдил ёфтааст.
Чунин маълумот аз пажӯҳиши хадамоти банақшагирии саёҳатҳои OneTwoTrip, бармеояд.
Ҳамин тариқ, сафар ба Душанберо 3,5 дарсади сайёҳони рус интихоб кардаанд, ки тасмим гирифтанд дар рӯзҳои таътили соли нав ба хориҷа бираванд.
Чиптаи сафар ба пойтахти Тоҷикистон аз Маскав 24,7 ҳазор рубл арзиш дорад.
Сафар ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ оммавӣ гардидааст.
Чиптаҳо ба Тошканд аз пойтахти Русия бо қимати 13,2 ҳазор ва ба Ӯш 12 ҳазор рубл фурӯхта шуданд.
Ин самтҳои истироҳатиро мутаносибан 3,7% ва 2,3% сайёҳони Русия интихоб кардаанд.
Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки беш аз нисфи русҳо барои сафар дар моҳи январ шаҳрҳои Русияро интихоб кардаанд.
Бештар онҳо ба парвозҳо ба Маскав ва Сочи таваҷҷӯҳ кардаанд.