Соли 2022 барои тамоми ҷаҳону Русия таҳаввулоти куллӣ овард, изҳор дошт раисҷумҳури ФР, Владимир Путин дар паёми солинавияш.
Ӯ зикр намуд, ки соли сипаришуда замони қабули қарорҳои душвор, зарурӣ, қадамҳои муҳимтарин дар роҳи ба даст овардани соҳибихтиёрии комили Русия буд.
Вай зимни суҳбат дар бораи амалиёти вижа барои ҳимояи Донбасс таъкид кард, ки ҳақиқат дар ҷониби Русия аст, ки мардуми худро дар қаламравҳои таърихии худ ҳифз мекунад.
Президент ҳамчунин ба мардум барои дастгирӣ аз амалиёти низомӣ миннатдорӣ баён намуд.
"Мардуми сермиллати мо, чун дар тамоми давраҳои душвори таърихи Русия мардонагӣ ва шаъну шарафашро нишон дод. Онҳо дар сухан ва амал муҳофизони Ватанро, ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро дастгирӣ карданд", - гуфт ӯ.
Президенти Русия илова намуд, элитаҳои ғарбӣ тӯли солҳо ба ниятҳои осоиштаи худ, аз ҷумла дар мавриди мушкилоти Донбасс итминон медоданд, аммо дар асл онҳо аз нозиёни навбаромад пуштибонӣ мекарданд.
Дар амал ба таҷовуз омодагӣ медиданд ва ҳоло дар ин бора ошкоро ҳарф мезананду мардуми украинро барои пароканда ва заиф кардани Русия истифода мебаранд, гуфт Путин.
Путин такъид намуд, ки Русия тамоми душвориҳоро паси сар карда, кишварро бузургу мустақил нигоҳ медорад.