ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Вазирони дифоъи Туркия, Сурия ва Русия дар Маскав дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои Туркия аз қаламрави Сурия ба мувофиқа расиданд, навиштааст нашрияи “Al-Watan” бо такя ба манобеъ аз Димишқ.
Ба гуфтаи яке аз мақомдорои Сурия, натиҷаи музокирот дар Маскав ин “ризоияти Туркия аз хурӯҷи комили нирӯҳо аз минтақаҳои шимолии Сурия, инчунин таъйиди Анкара истиқлолият ва якпорчагии Сурия буд".
Манбаъ афзудааст, ки дар музокирот ҳамчунин рафти иҷрои қарордоди басташуда дар соли 2020 оид ба ифтитоҳи шоҳроҳи М4 баррасӣ шуд.
Илова бар ин, музокиракунандагон таъкид карданд, ки созмонҳои Ҳизби Коргарии Курдистон, дар Туркия мамнӯъ "агентҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳида мебошанд ва барои Туркия ва Сурия аз ҳама бештар хатар доранд".
Нашрия хулоса кардааст, ки барои таъмини иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда таъсиси комиссияҳои тахассусӣ дар назар аст ва дар ҳолати зарурӣ ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии иқдомҳои минбаъдаи худ музокироти нав баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем 28 декабр дар Маскав гуфтушуниди вазирони дифои се кишвар баргузор гардид. Ин нахустин мулоқоти расмии намояндагони Анкара ва Димишқ дар 11 соли ахир буд.
Тавре вазорати дифои Русия дар пайи мулоқот изҳор дошт, ҷонибҳо хусусияти созандаи муколама ва зарурати идомаи онро ба хотири ба эътидол овардани минбаъдаи вазъ дар Сурия ва дар маҷмӯъ минтақа қайд карданд.