Раҳмон: Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайёми солинавиаш бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ рушди иқтисоди миллиро устувор донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон дар пайёми солинавиаш гуфт, бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид.
Вай гуфт, ки ин нишондиҳандаҳо яке аз беҳтаринҳо мебошад.
“Дар ин давра дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонида шуд”, - қайд кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловат – соатро ташкил дод.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда, бахусус, обу замин самаранок истифода карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш доданд ва ҳаҷми онро ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расониданд.
Раҳмон: Умедворам мардуми мо дар соли нав иқдоми созандаву ободгаронаро густариш медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд кард, ки вазъи роҳҳои мошингард беҳтар гардид ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои таҷдиду сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ идома ёфтанд.
Вай илова кард, ки ҳукумати кишвар дар давоми соли 2022 талошҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии шоистаи сокинон равона карда, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд.