ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Ахиран Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ва Комиссияи эвакуатсионӣ дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа қайд гардид, ки дар соли равон дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта, 13 (сенздаҳ) ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.
Дар инҷаласа таъкид гардидааст, ки ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ рух додааст.
Ба иттилои Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯши фалокатовар дар давоми соли 2022 аз ҷониби сардорони бахшу шуъбаҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 73 вохӯриҳо ва корҳои таблиғотӣ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта мунтазам гузаронида шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Мастчоҳ ва Б.Ғафуров корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарор намудани садҳои муҳофизатӣ, тоза намудани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.