ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Бо қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Владимир Норов бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Тибқи иттилои манбаъ бо қарори дигари раисҷумҳур, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов таъин шуд, ки аз ноябри соли 2021 дар мақоми вазири маорифи халқ кор мекард.
Бахтиёр Саидов 41 сол дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Тошканд аст. Пеш аз ин дар кабинаи вазирони Ӯзбекистон ва вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ кор мекард. Аз июли соли 2017 сафири Ӯзбекистон дар Чин шуд.
Инчунин дар мақоми сафири Ӯзбекистон дар Муғулистон ва Филиппин кор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Норов баъди аз мақом рафтани вазири собиқ Абдулазиз Комилов апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъин шуд ва моҳи сентябри имсол дар мақомаш тасдиқ шуда буд.