СММ аз толибон хост, ки ба занон иҷозаи кор диҳанд

Ин пеш аз ҳама дар бораи кори занони афғонистонӣ дар созмонҳои башардӯстона аст, ки қаблан аз ҷониби ҳукумати нави Кобул манъ карда шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раҳбарони ниҳодҳои Созмони Милал аз толибон даъват кардаанд, ки ба занон дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд, гуфта мешавад дар изҳорот раҳбарони созмонҳои мухталифи ин ташкилот.
Ба гуфтаи муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона Мартин Гриффитс, раҳбарони дафтарҳои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, гурезаҳо, озуқаворӣ, ЮНИСЕФ, ТУТ ва дигар ниҳодҳо, ҳукумати Афғонистон бояд ба занон имкон диҳад, ки дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд.
Толибон қаблан ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дода буданд, ки кори кормандони занро мутаваққиф кунанд.
Муаллифони изҳорот ба СММ қайд мекунанд, ки чунин тасмим барои табақаҳои осебпазир, барои занон, кӯдакон ва тамоми кишвар зарбаи ҷиддӣ аст.
"Мо аз мақомот даъват мекунем, ки ин дастур ва ҳама дастурҳоеро, ки рафтани занон ба мактабҳо, донишгоҳҳо ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятиро манъ мекунанд, бознигарӣ ва лағв кунанд",- гуфта мешавад дар изҳорот.
Қайд карда мешавад, ки ҳеҷ кишвар наметавонад нисфи аҳолии худро аз иштирок дар ҷомеа хориҷ кунад.
Манъи иштироки занон дар корҳои башардӯстона барои тамоми афғонистониҳо оқибатҳои фаврӣ таҳдидкунанда дорад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон
"Ин дар ҳолест, ки беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон, аз ҷумла миллионҳо занону кӯдакон барои зинда мондан ба кумак ниёз доранд", - гуфтаанд муаллифон.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварро айни замон бо хатари гуруснагӣ, таназзули иқтисодӣ, фақр ва зимистони сахт домангир аст