Эрон Урдунро вориди бозорҳои Осиёи Марказӣ мекунад

Шоҳигарии Урдун метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, тиббӣ ва хадамот дар соҳаи маорифро оғоз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Эрон метавонад як “дарвоза”-и вуруди Урдун ба бозорҳои Осиёи Марказӣ шавад. Дар ин бора кордори сафорати ҷумҳурӣ дар Уммон Алӣ Асғар Носирӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Урдун метавонад кишварҳои Осиёи Марказӣ (инчунин Қафқоз)-ро бо маҳсулоти кишоварзӣ, саноат, хадамоти тиббӣ ва маориф таъмин намояд.
Тавре дипломат таъкид кард, Эрон омода аст равобит бо Урдунро дар ҳама замина густариш ва таҳким бахшад.
Тоҷикистон метавонад ба кишвари аслии транзитӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба салтанати Ховари Миёна оби тоза пешниҳод карда буд.
Вай ёдовар шуд, ки маҳз дар Тоҷикистон, яке аз кишварҳои пешқадами ҷаҳон аз лиҳози захираи манобеъи ошомиданӣ, ҳудуди 60 дарсади оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ тавлид мешавад.
Дар навбати худ вазири хочагии об ва ирригатсяи Урдун Хазем ан-Носир қайд кард, ки нарасидани об дар мамлакати ӯ соле аз 600 миллиард литр зиёд аст.