ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Мустафо Шентоп гуфт, ки номзадии раисиҷумҳур Тайиб Эрдуғонро барои талошҳояш дар ҳалли бӯҳрони Украина, ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кардааст.
“Ман раисиҷумҳур Эрдуғонро барои талошҳояш барои сулҳ миёни Русия ва Украина ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кардам. Ман санади дахлдорро равон кардам. Дархостҳо аз кишварҳои дигар ироа хоҳад шуд", - навиштааст рӯзномаи “Стар” ба қавл аз оқои Шентоп.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз сар задани низоъ дар Украина борҳо ба Киев барои ҳалли низоъ кумаки миёнаравӣ пешниҳод кардааст.
Ҳамин тавр, дар охири моҳи март Истанбул минбари музокироти Маскав ва Киев шуда буд ва дар моҳи июл бо иштироки Туркия созишномаи содироти ғалла аз бандарҳои Украинаро ба имзо расониданд.
Эрдуғон ҳамчунин пешниҳод кард, ки музокироти мустақим байни президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский ташкил шавад.