Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2023 муҳассилини тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, таътили зимистона 10 рӯз давом хоҳад кард.
"Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз гардиданд.
Мақомоти бахши маориф эълон карданд, ки дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб мегарданд.
Се мактаб ва як деҳа ба номи сарбозони кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ гузошта шуданд
Вазорати маориф ва илм аз волидон даъват намудаст, ки дар таътили зимистона фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва намонанд, ки онҳо вақташонро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда сарф намоянд.
Инчунин даъват шудааст, ки аз оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти муҳассилин дар кӯчаю марказҳои интернетӣ ҷилавгирӣ шавад.
Вазорат таъкид намудаст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни "Муаллими сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон ва чорабиниҳои таълимӣ машғул хоҳанд шуд.