Писари Ибодулло Машраб мудири Театри давлатии академии Лохутӣ таъйин шуд

Мудири нави Театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ Абдукарим Машрабов таъйин гардида, дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи фармони Вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдукарим Машрабов писари Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мудири нави театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ таъйин гардид.
Қайд карда шудааст, ки Абдукарим Машрабов дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард.
Бояд қайд кард, ки Лутфулло Давлатзода то таъйин шудан ба вазифаи директори театр 6 сол ба ҳайси директори телевизиони “Сафина” кор кардааст. Аз соли 2015 инҷониб директори Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ буд.
Иттилоъ дода шудааст, ки Абдукарим Машраб соли 1983 таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм ва дар Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ кор кардааст.
Дар Бохтар Кохи фарҳангро ба номи Аловуддин Абдуллоев гузоштанд
Ӯ ҳунарпешаи маъруфи театр ва киност. Падараш- Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва “Ситораҳои Иттиҳод” мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мавҷуда Саидова сардабири нави маҷаллаи занон “Фирӯза” таъйин шуд.
Қаблан бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ба Кохи фарҳанг ва Маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи собиқ роҳбари бадеии театр ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода, ки 17 феврали соли 2022 даргузашт, гузошта шуд.