ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мешавад, таҳдидҳои дохилию хориҷиро ном бурд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Раҳмон ба масъулини амният аз мураккабии муносибатҳои геополитикӣ, шиддати низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва тахрибкории созмонҳои террористиву экстремистӣ гуфтаст, ки ба оромӣ дар сайёра таҳдид доранд.
"Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва биологӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва терроризми киберӣ ҳамчун таҳдидҳои нав, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини бо онҳо вобаста ба таъмини амнияти байналмилалӣ таъсири манфии ҷиддӣ ворид кардаанд", - гуфт Раҳмон.
Вай аз масъулини амнияти Тоҷикистон хост, беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошанд, раванду ҳодисаҳои минтақа ва ҷаҳонро мунтазам омӯзанд, таҳлил кунанд ва барои пешгирӣ кардани нақшаҳое, ки ба халалдор сохтани амнияти давлату ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум равона шудаанд, тадбирҳои қонунӣ, зарурӣ ва фаврӣ андешанд.
Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароиро Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ унвон кардааст.
Дастур дода шудаст, ки бо ақидаҳои мутаассибонаву хурофотие, ки рушди ҷомеаро бозмедоранд, бо дарки амиқи масъулияти касбӣ мубориза баранд ва зеҳну шуури ҷомеаро аз таъсири фарҳанги бегонаву мафкураи ҷоҳилона ҳифз намоянд.
Таъкид шудааст, ки барои пешгирии ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳудуди мамлакат ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Роҳбарияти КДАМ ва дигар мақомоти қудратию ҳифзи муваззаф шудаанд, ки ба омодагии ҷангӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ, донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, инчунин, маданияти касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.