ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон як консепсия, як стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатии ҷадид таҳия хоҳанд шуд.
Дар ин бора ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масъалои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода бо нашри як матлаб дар "Ховар" хабар додаст.
Ӯ паёми ахири президентро ба парлумон хулоса карда, тавзеҳ дод, ки мақомоти кишвар ба таҳияи кадом санадҳо машғул хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ӯ, Консепсияи мудофиаи миллӣ Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ таҳия хоҳанд шуд.
Ёвари раисҷумҳур инчунин 5 барномаи давлатиро ном бурд, ки дар Тоҷикистон дар пайи паёми президент таҳия хоҳанд шуд.
Дар ин феҳраст Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо зикр шудаст.
Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат, аз санадҳои дигарест, ки таҳия хоҳад шуд.
Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Тоҷикистон санади сеюм аст, ки аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо омода мешавад.
Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон низ дар феҳрасти асноди давлатии таҳияшаванда номбар гардиданд.