ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" қабул шуд, ки ҳадафи он дастгирии соҳибкорон арзёбӣ мешавад.
Бар асоси тағйирот мақомоти санҷишӣ кам мегарданд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода.
"Тибқи он шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 23 мақомот дар доираи қонун муқаррар гардида, ба танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳад кард", - таъкид намудаст Қодирзода.
Ӯ илова намудаст, ки ин иқдом идомаи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки тағйирот ба қонун барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон, инчунин маҳдуд кардани ваколатҳои санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.
Аз ҷумла ваколатҳои мақомоти санҷишӣ дар соҳаҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, назорати техникаи кишоварзӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маҳдудтар гардидаст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон муътақид аст, ки тағйироти мазкур ҷолибияти кишварро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни давлатҳои ҳамсоя бештар мегардонад.