ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон аз 3-5 рӯзи корӣ то ба 24 соат кам карда шуд.
Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ворид карда шуд.
Муовини раиси Кумитаи андози назди Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода зимни шарҳи тағйирот гуфт, раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар боз ҳам сода гардонда мешавад.
"Мувофиқи принсипи "Равзанаи ягона" муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар баробари ин барои анҷоми чандин хадамоти дигари давлатӣ низ як шабонарӯз муқаррар шудааст.
Дар ин феҳраст аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо, таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ зикр шуданд.
Инчунин ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар муҳлати то 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз сабукиҳои дигар мебошад.
Ҳамин тариқ феълан шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон мебошад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба 339 ҳазор расидаст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.