Русия мунтазири довталабон аз Тоҷикистон аст

Дар Душанбе қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия оғоз шуд. Довталабон метавонанд то 20 феврали соли 2023 ҳуҷҷат супоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон сабти номи довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои соли таҳсили оянда идома дорад. Дар ин бора "Россотрудничество" хабар дод.
Ҳамин тавр, қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия аллакай оғоз ёфтааст. Бақайдгирии довталабон дар доираи квотаи Ҳукумати Русия дар соли таҳсили 2023-2024 сурат мегирад.
Қайд карда мешавад, ки довталабон бояд анкетаро пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро ба сомонаи Education-in-russia.com. фиристанд.
Дар Душанбе Анҷумани хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравӣ баргузор шуд
Дархостҳо то 20 феврали соли 2023 қабул карда мешаванд.
Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном шудан ба Хонаи русҳо дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия теъдоди квотаҳои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистонро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзун намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 теъдоди квотаҳои таълимӣ барои Тоҷикистон алакай аз 630 ба 750 адад расонида шуд.