ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз буҷаи давлатии соли оянда наздики 27,2 млн сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ин нуктаро раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, Ҷамшед Муртазозода, зимни муаррифии басти вазифаҳо ва сметаи даромаду хароҷот баён дошт.
Ин дар ҳолест, ки барои соли равон сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон беш аз 21,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.
Афзоиши хароҷот ба андозаи беш аз 6 млн сомонӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муртазозода дар сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон ҳеч тағйироте дар назар нест.
Аз ҷумла дар Маҷлиси намояндагон мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ - як нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ - 117 нафар ва ҳайати техникию хизматрасонӣ - 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро ташкил медиҳад.
Қаблан Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро дар соли 2023 тасдиқ кард, ки 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар қиёс бо нишондоди тасдиқшудаи хароҷот барои соли равон 1,4 млн сомонӣ бештар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.