Беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Темур Раҳимовро ҳамчун беҳтарин варзишгари сол дар кишвар донистанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2022 муайян кард.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуди олимпӣ – бокс, варзиши сабук ва ҷудо, инчунин бокси касбӣ дохил шуданд.
Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.
“Дастовардҳои бузурги варзишии сол ба паҳлавони маъруфи 25-солаи тоҷик Темур Раҳимов марбут аст”,- гуфт ӯ.
Нарзулло Латифов афзуд, ки Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали тиллои Grand Slam ва медали нуқраи Masters мебошад.
Тавофуқи Назаров бо шоҳзодаи Саудӣ дар бахши варзиш
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо Шодмон Ризоев (ҷудо), Баҳодур Усмонов (бокс), Муҳаммад Аброриддинов (бокс), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Комроншоҳ Устопириён (ҷудо), Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ва Шавкатҷон Раҳимов (бокси касбӣ) шомил шуданд.
Нарзулло Латифов илова кард, ки мутаассифона, варзишгарони тоҷик дар соли 2022 натавонистанд дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст биёранд.
Вай илова кард, ки дар соли равон ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои чемпионати Осиё мушарраф нашуд.