ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Ҷудокори тоҷик дар финали "Jerusalem Masters 2022" дар вазни беш аз 100 кило аз ҳарифи ҷопониаш Татсуру Саито мағлуб гардида, мақоми дуюму нишони нуқраро соҳиб шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Раҳимов нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки сазовори медали “World Judo Masters" гардид. Вай дар баробари нишон ҳамчунин 4 ҳазор евро ҷоизапулиро соҳиб шуд.
Медалҳои биринҷиро дар вазни беш аз 100 кило Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон ва Кокоро Кагеура аз Ҷопон ба даст оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов дар радабандии ҷаҳонӣ дар ҷои аввал буда, дар сабқати ситораҳои ҷудо дар Исроил нерӯсанҷиро аз даври дуюм бо Ричард Сипоз аз Маҷористон оғоз намуду пирӯз шуд.
Дар чорякфинал бар Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбойҷон ва дар нимфинал бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ дастболо шуда буд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило сабқат карда, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ҳарифи Устопириён дар даври аввал Лаша Бекаурии гурҷӣ буд, вале бо сабаби вазнаш дуруст наомадан, аз сабқат хориҷ карда шуд.
Комроншоҳ сипас дар даври дуюм Эдуард Триппели олмониро мағлуб кард, аммо дар чорякфинал аз Саширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард. Дар қувваозмоии тасаллобахш Устпопириён аз Давлат Бобонови узбекистонӣ мағлуб гардид.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило рӯзи якуми мусобиқа дар аввалин нерусанҷӣ аз Реда Седоукии фаронсавӣ шикаст хурд.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило рӯзи якуми мусобиқа дар аввалин нерусанҷӣ аз Реда Седоукии фаронсавӣ шикаст хурд.