Даҳ медали тилои дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон

Варзишгарони шаҳри Панҷакент аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ар шаҳри Суздали Руссия баргузор шуд бо даҳ медали тило баргаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар шаҳри Суздали Федератсияи Руссия мусобиқаи байналхалқӣ аз рӯи намуди пауэрлифтинги сеҳарба баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик тавоноии худро намоиш доданд, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Панҷакент.
Ба иттилои манбаъ, дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент, дастпарварони муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр ва маҳфили варзишии донишкадаи омӯзгории шаҳр бо 10 нишони тилло,5 нуқра ва унвони ғолиби мутлақи ин мусобиқаи бонуфуз баргаштанд.
Дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент
Мақомот мегӯяд ин ҳама медалҳои тилову нуқра ва унвони ғолиби мутлақи ин мусобиқаи бонуфузро варзишгарон Ойбек Бердимуродов, Абдусаттор Сатторов, Миршод Самадов ва паҳлавондухтари Панҷакент Моҳира Нодирова ба даст овардаанд.
Ахиран варзишгарони Панҷакентро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, мактаби варзишии шаҳр, ҳаводорон ва наздиконашон бо гулдаста, суруду мусиқӣ пешвоз гирифтанд.
Дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент
Таъкид шудааст, ки чун нишони эҳтиром ва қадршиносӣ зимни пешвоз ба онҳо хилъатҳои зарбофт пӯшониданд.