Тоҷикистон ба Русия бештар меваву сабзавот содир мекунад

Минтақаҳои Русия барои воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон манфиатдоранд ва ба ҳамин хотир “Роҳи оҳани Русия” тахфифҳо барои ҳамлу нақлро дар 2023 тамдид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тоҷикистон ба Русия боз ҳам бештар меваю сабзавот содир мекунад.
Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тахфифи 50 дарсадии худро барои содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шаҳрҳои мухталифи Русияро барои соли 2023 тамдид кард.
Намояндаи тиҷорати Русия Евгений Коренков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоте, ки таҳти тамғаи "Made in Tajikistan" ворид мешаванд, талаботи зиёд доранд.
Истеъмолгарони рус ба зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва тамашк, хушкмевҳои гуногун талаботи зиёд доранд.
Коренков: Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон аст
Бино бар хусусиятхои иқлимию географӣ аксари минтақаҳои Русия ба фиристодани меваю сабзавот аз минтакаи офтобӣ манфиатдор мебошанд.
"Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон яке аз даромади асосии пулии ин кишвар аст ва дар равобити тиҷорӣ бо Русия нақши муҳим дорад", - таъкид кард Коренков.
Вай афзуд, дар соли ҷорӣ 21,2 дарсади содироти Тоҷикистонро маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзиро ташкил додааст.
Ба ҳисоби пулӣ ин рақам 14 миллион долларро ташкил медиҳад.
Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки ин раванд дар навбати худ, дар муқоиса бо соли 2021, ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ин асосан дар натиҷаи сиёсати тахфифии “Роҳҳои оҳани Русия” сурат гирифтааст.