ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли оянда беш аз 495 млн сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нукта дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023, ки ахиран парлумон қабул кард, таъкид шудааст.
Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ ва соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ муқаррар гардида буд.
Соли оянда дар қиёс бо соли равон пули Фонди захиравии раисҷумҳур ҳудуди 57 млн сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд.
Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.
Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад.
Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.