ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Узви мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бошгоҳи "Соро компания"-и шаҳри Душанбе Идрис Ёров ба ҳайати тими "Тюмен"-и Федератсияи Русия пайваст, иттилоъ дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, Ёров давоми ним соли оянда дар Суперлигаи Русия шарафи "Тюмен"-ро ҳимоя хоҳад кард. Интизор меравад, ки Идрис дар оғози мавсими нав ба Русия сафар кунад.
"Аммо ӯ танҳо пас аз 24-уми январ баъди кушода шудани равзанаи зимистонаи гузаришҳо дар Суперлигаи Русия метавонад дар ин даста ҳунарнамоӣ кунад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан футзалбози тоҷик давоми ду ҳафта дар Русия аз санҷиши бошгоҳи "Тюмен" гузашта буд.
Аз қавли иҷрокунандаи вазифаи директори тими "Тюмен" Денис Харин иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи маҳорати хуб нишон додани Идрис дар Суперлига қарордод тамдид карда мешавад.
Ёров аз соли 2018 инҷониб шарафи дастаи Тоҷикистон, қаҳрамони кишвар "Соро компания"-ро ҳимоя мекард.
Бар асоси ҷамъбасти мавсими соли 2022 дар Лигаи футзали Тоҷикистон, ҷоизаи "Чеҳраи умедбахш"-и сол маҳз ба бозигари "Соро компания" Идрис Ёров дода шуд.
Файзалӣ Сардоров, капитани тими "Соро комания" соли дуюм аст, ки беҳтарин футзалбози Тоҷикистон эътироф гардид.