Феҳрасти кишварҳои қабулкунандаи "Мир" маълум шуд: Тоҷикистон дар рӯйхат

Кортҳои низоми пардохтии "Мир" ҳоло дар 9 кишвари хориҷӣ қабул карда мешаванд - ин рӯйхат се ҷумҳурии Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Феҳрасти кишварҳое, ки корти бонкии "Мир"-и Русияро қабул мекунанд, эълон карда шуданд.
Ҳоло аз ҷониби баъзе бонкҳои шарик дар 9 кишвари ҷаҳон - Абхозистон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Осетияи Ҷанубӣ корти "Мир" пазируфта мешавад. иттилоъ дод РИА "Новости" бо такя ба намояндаи низоми пардохт.
Манбаъ ҳамчунин таъкид намудаст, ки маълумоти мазкурро дар яке аз бонкҳои бузурги Русия низ тасдиқ карданд.
"Дар ин кишварҳо бонкҳо тасмим дар бораи пазируфтани кортҳои "Мир"-ро дар шабакаи дастгоҳҳои худ мустақилона қабул мекунанд", - гуфт корманди хадамоти дастгирии соҳиботи корти бонкии "Мир".
Вай афзуд, банкоматҳои маҳаллӣ метавонанд кортҳои ниҳодҳои молияи Русияро, ки таҳти таҳрим нестанд, қабул кунанд.
Ҳамсуҳбати дигари агентӣ аз бонки бузург низ феҳрасти кишварҳои қабулкунандаи "Мир"-ро номбар карда, афзуд, ки Ӯзбекистон дар ин рӯйхат нест. Дар он ҷо аз моҳи сентябр ба ин сӯ хидматрасонии бонкҳои "Мир" бо сабабҳои техникӣ мутаваққиф карда шудаст.
Дар Тоҷикистон шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 50% афзоиш ёфт
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки қабул ва хидматрасонии кортҳои "Мир" дар як кишвари мушаххас ба мавқеи бонкҳои хориҷӣ бастагӣ дорад. Мусоҳиб муҳим хонд, ки вазъият метавонад дар ҳар лаҳза тағйир ёбад, аз ин рӯ беҳтар аст, ки шаҳрвандон ҳамеша бо худ пули нақд дошта бошанд.
Маълум аст, ки ҳоло як қатор кишварҳо ба пайваст кардани кортҳои "Мир", аз ҷумла Эрон, Индонезия, Куба, Мянмор, Миср, Таиланд, Ҳиндустон, Венесуэла, Маврикий, Нигерия ва Эфиопия таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.