ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Қонунгузорони Русия ва Ӯзбекистон мехоҳанд барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ кунанд.
Лоиҳаи дахлдори қонун аллакай дар дастгоҳи президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад.
Бо назардошти он, ки омӯзгорон дар Ӯзбекистон даҳсолаҳо боз ба корҳои саҳро ҷалб мешаванд, ташаббус хеле мубрам арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла дар бархе ҷумҳуриҳои пахтакор ҷалби хонандагону омӯзгорон ба пахтачинии мавсимӣ ба ҳукми анъана доаромадаст.
Ин иқдоми Ӯзбекистон дар ҳолест, ки дар Русия низ барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои омӯзгор ташаббус нишон доданд. Қонунгузорҳои ФР низ пешниҳод кардаанд, пеши роҳи ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ гирифта шавад.
Муовини раиси Думаи давлатии Русия, Александр Чернишов, бо истинод ба азми бархе аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ӯзбекистон барои роҳандозии ҷавобгарӣ дар чунин ҳолатҳо, татбиқи онро дар ФР низ муҳим хонд.
Ӯ изҳор дошт, ки чунин тарҳро бар баррасии вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод хоҳанд кард.
"Баъзе маъмуриятҳои мактабҳо омӯзгоронро маҷбур мекунанд, ки корҳои машғул шаванд, ки хоси омӯзгорон нестанд. Пешгирии ин зуҳурот махсусан дар арафаи Соли омӯзгор ва мураббӣ дар Русия хеле муҳим аст", - таъкид намуд ноиби раиси Думаи давлатӣ.
Вай таъкид намуд, ки аз роҳи ҳимоят қадру манзалати бузурги омӯзгоронро дар ҷомеа барқарор хоҳанд кард.