ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар мулоқоти бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Сергей Поспелов масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кард.
Тавре дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия миёни ҷонибҳо дар бораи натиҷаҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда зимни ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии XV–уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид, табодули афкор сурат гирифт.
“Ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар СААД, таҳкими фаъолияти минбаъда дар заминаи равобити байнипарламентӣ ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - хабар додааст сафорат.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шаҳри Ереван мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуд.
Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Акбар Насимзода дар ин ҷаласа изҳор доштааст, ки раванди муҳоҷират мураккаб буда, талошҳои муштаракро дар талаб дорад.
"Танзими равандҳои муҳоҷират ҳалли аксаран мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем", -зарур хонд генерали тоҷик.
Вай дар идома номбар кардааст, ки кишварҳои узви СААД бояд дар кадом самтҳо табодули иттилою ҳамкориро таҳким бахшанд.
Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти муштарак мехоҳад, изҳор доштаст Акбарзода.
Кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои дигари асосии фаъолияти муштарак мебошанд, таъкид намуд ӯ.