Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили мазиро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Гулистони Ӯзбекистон Душанбе ва Тошканд гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатиро муҳокима карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ пешниҳодҳои тарафҳо дар бораи гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон зимни музокирот тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Инчунин вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.
ВУХ аз музокироти навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории марз гуфт
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Маврид ба зикраст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат тасвиб шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.