Тоҷикистон барои мошинсозӣ дар кишвар сабукӣ дод

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси гумруки кишварро қабул намуд, ки бар асоси он бархе аз бахшҳо аз пардохти боҷ озод гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тоҷикистон номгӯи молҳоеро мушаххас кард, ки воридоташон аз пардохти боҷи гумрукӣ бе муҳлати амал озод мебошад.
Қарор дар ин бораро Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Кодекси гумруки кишвар қабул намуд.
Узви палатаи болоии парлумон, Шарифҷон Ҷумъазода тавзеҳ дод, ки моддаи 345 кодекси амалкунанда дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки он номгӯи воридоти молҳои аз боҷи гумрукӣ озодшавандаро бе муҳлати амал муқаррар менамояд.
"Минбаъд воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти такмилии техника, мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда ва истеҳсолкунанда аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд", - изҳор дошт ӯ.
Воридоти ҳавопаймо, сӯзишворӣ ва хадамот аз андоз озод: Тасвиби сабукиҳо дар Тоҷикистон
Инчунин тағйирот ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ даъво оид ба мустақилона аз нав бозҳисобӣ, ислоҳ кардани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшударо кафолат медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон талош доранд, бо ироаи сабукиҳо дар ин ё он бахш рушдро фароҳам оранд.
Аз ҷумлаи сабукиҳои охир, ки Маҷлиси миллӣ онро тасдиқ намуд, озод кардани ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва ғайрирезидентҳои хизматрасон ба онҳо аз пардохти андоз мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳадафи ин сабукиҳо беҳбуди хизматрасониҳо, зиёд намудани парвозу поин бурдани нархи чипта арзёбӣ мешавад.