Роҳандозии интиқоли пул тариқи бонки русӣ ба Эрон

Яке аз бузургтарин ташкилоти қарзии Русия бонки “ВТБ” барномаи интиқоли пул ба Эронро аз рӯи суратҳисоби бонкӣ роҳандозӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бонки ВТБ интиқоли пул ба Эронро бо истифода аз суратҳисоби бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оғоз кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ин ташкилоти қарзӣ, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА “Новости”.
"Мо аввалин бонке шудем, ки интиқоли пулҳои байнулмилалӣ ба Эронро роҳандоззӣ кардем ва бо таваҷҷуҳ ба таҳкими равобити тиҷоратӣ, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеъаи гардишгарӣ, интизор дорем, ки онҳо серталаб хоҳанд буд", - гуфт тариқи хадамоти матбуоти ВТБ ноиби раис, раҳбари департаменти кор бо сегменти оммавии ин бонк Денис Валвачев.
Гуфта мешавад, ки роҳандозии интиқоли пул ба Эрон имкон медиҳад, тавассути суратҳисоби бонкӣ ба афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар тӯли як рӯз пул ирсол кард.
Эрон аз ширкатҳои нафту гази Русия даъват кардааст, ки дар Шероз намояндагиҳо боз кунанд
Имрӯз муштариёни ВТБ метавонанд маблағҳои худро ба 10 кишвари ҳамсоя ва минтақаҳои Осиё интиқол диҳанд.
Валвачёв афзуд, ки соли оянда бонки ВТБ рушди фаъоли ҳисоббаробаркуниҳои дигар бо кишварҳои дӯстро идома медиҳад ва нақша дорад, ки шумори онҳоро ду баробар афзоиш диҳад.