ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Гуштингири ҷавон ва умедбахши тоҷик, Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии "Таҳсил" миёни наврасони кишварҳои мухталиф сазовори медали тило гардид.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалии "Таҳсил" дар риштаи куштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуд, ки то 19 декабр идома меёбад.
Намояндаи Тоҷикистон дар вазни то 80 кило дар бахши куштии тарзи озод зӯрозмоӣ карда, бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омад. АБдуллоев дар даври ниҳоии мусобиқа бо варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжол вориди майдон шуда, пирӯз берун омад.
Кумитаи миллии олимпӣ таъкид намудаст, ки дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил иштирок мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Абдуллоев қаблан низ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, натиҷаҳои хубро нишон додаст.
Аз ҷумла ахиран куштигири тоҷик дар Рим миёни варзишгарони 54 давлат мақоми 5-умро касб намуд.
Абдуллоев, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд, дар 8/1 финал ҳарифони худ аз Швейтсария ва Арманистонро шикаст дода, дар нимфинал аз намояндаи Эрон ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари ИМА мағлуб шуд.