Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст

Кумитаи тафтишоти Русия муайян намудааст, ки ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандонии хориҷӣ аз ҳама беш дар се минтақаи Русия сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шумораи бештари ҷиноятҳо, ки аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ содир мешаванд бештар ба шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба сиёсати муҳоҷират хабар дод.
"Дар пасманзари афзоиши теъдоди умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба кишвар ворид мешаванд, афзоиши ҷиноятҳо аз ҷониби ин тоифаи шаҳрвандон, ба хусус дар Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург низ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Бастрикин пешниҳод кардааст, ки ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи роҳбарони ин субъектҳоро бештар ҷалб намуда, вазъро пурра таҳлил карда, барои пешгирӣ аз он чораҳои иловагӣ бояд андешид.
Раиси Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфт, ки дар ин ниҳод низоми ҳисоботи омории идоравӣ оид ба баррасии гузоришҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ оид ба ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон таҳия ва роҳандозӣ шудааст, ки ба зудӣ ба даст овардани маълумот мусоидат мекунад.
Занозании муҳоҷирон дар анбори "Ozon"-и канори Маскав: як нафар осеб дид
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки афзоиши фаъолияти ҷиноии муҳоҷирони корӣ "тақозо мекунад, ки барои такмили сиёсати муҳоҷират бо ворид кардани тағйироти дахлдор ба қонунгузории ҷорӣ чораҳои муассир андешида шаванд".
Дар ин нишаст ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар заминаи эҷоди филтри ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди кадрҳои беихтисос ба Русия, ки “аксар вақт аз ашхоси майли содир кардани ҷиноят иборатанд” баррасӣ шуд.