Тошканд назорати нерӯи барқро ба мақомоти қудратӣ супурд

Дар пайи сардӣ ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ дар Ӯзбекистон ҳазорҳо ҳолати пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ ошкор карда шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, мақомоти қудратии кишварро барои назорати бахши энержӣ дар ҷумҳурӣ муваззаф кард.
Бо супориши Мирзиёев ҳамакнун ВКД, Додситонии кулл, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Горди миллӣ таъмини нерӯи барқи кишварро зери назорат мегиранд.
Далели ин иқдом санҷишҳои ахир мебошад, ки дар рӯзҳои аввали декабр қариб 3 ҳазор ҳолати пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ ва газ ошкор шуд.
Дар натиҷаи санҷишҳо алакай як идда мансабдорон аз мақом озод ва ё ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран гузоришҳо дар мавриди буҳрони барқу газ дар Ӯзбекистон зиёд нашр мегарданд.
Тошканд сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба Афғонистонро гуфт
Аз ҷумла ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров низ аз мушкилоти нерӯ дар Ӯзбекистон зикр намуда, изҳор дошт, ки тарҳҳои муштарак дар бахши энержӣ барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо мусоидат мекунанд.
Вай таъкид намуда буд, ки Русия бо Қазоқистону Ӯзбекистон, аз ҷумла инфрасохтори умумии газӣ доранд ва чунин тарҳҳо метавонанд барои ҳалли масоили мушаххаси амалӣ мусоидат намоянд.
Ахиран роҳбарони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.