Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши тандурустӣ

Ин созишнома дар доираи сафари як гурӯҳ мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба имзо расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Академияи ғизои Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст имзои созишномаи мазкур дар доираи сафари як гурӯҳ мутахассисони “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сурат гирифт.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки гурӯҳи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва чорабиниҳои якҷоя дар бораи пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз 11 то 18 декабри соли равон дар шаҳри Алмаато қарор мегирад.
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ
Мутахассисони Тоҷикистон дар доираи ин сафари корӣ дар масъалаҳои муҳими ғизо ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣиву иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффвқият густариш меёбанд.
Миёни ин ду кишвар беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.