Дар чаҳор минтақаи Душанбе ярмаркаи фуруши маҳсулот ташкил карда мешавад

Рӯзи 21 декабри соли равон дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Аз 21 то 31 декабри соли равон дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ташкил мегарданд.
Ярмаркаҳои мазкур бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ташкил мегарданд.
Таъкид шудааст, ки ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар “Бозори Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур, дар майдончаи назди бозори “Қарияи боло”-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД “Бозори Саховат”-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил мешаванд.
Ташкили ярмарка-фурӯши ангишт дар чор минтақаи вилояти Суғд
Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият хоҳад кард.
Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҷараён доранд. Барои таъмини маҳсулот дар нуқтаҳои мазкур 38 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот мавҷуд мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин ярмаркаҳо нархи орд аз 230 то 280 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, шакар 8,2 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 19 сомонӣ, картошка 3,6 сомонӣ, пиёз 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, биринҷ 10,5 сомонӣ муайян гардидаанд. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.