ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз марги ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-петербурги Русия хабар додааст.
Сафорати Тоҷикистон хабар додааст, ки ин дк ҷавони тоҷик рӯзи 14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги аз ошёнаи 13-уми як бино афтида, ба ҳалокат расиданд.
Сафорати кишвар вобаста ба марги ду муҳоҷири тоҷик дар ҷараён буда, тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтидагон изҳор кардааст.
Сафорат таъкид кардааст, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш се шаҳрванди Тоҷикистон, дар хонаи истиқоматии воқеъ дар ноҳияи Раменскийи вилояти Москва дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти кишвар аз ин ҳодиса низ хабардор аст ва ин қазияро таҳти пайгирӣ қарор додааст.
Сафорат Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба наздикону пайвандони фавтидагон тамоми кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.