ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси парлумони Покистон Содиқ Санҷаронӣ ба ҳузур пазируфт.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки мулоқот дар Исломобод дар чаҳорчӯби сафари расмии раҳбари Тоҷикистон ба ин кишвар баргузор шуд.
Ба ин тартиб, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки равобити байнипарлумонӣ дар таҳкими муколамаи сиёсии ду кишвар нақши муҳим дорад.
"Тарафҳо зарурати роҳандозии муколамаи густурдаи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ оид ба амният ва сулҳ дар минтақаро қайд карданд", — омадааст дар хабар.
Раҳмон ва Санҷаронӣ нақши Тоҷикистону Покистон дар иҷрои тарҳи минтақавии CASA-1000, масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, истифодаи оқилонаи захоири об ва гузариш ба “иқтисоди сабз”-ро низ баррасӣ карданд.
Мусоҳибон ба густариши равобити Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, фарҳанг ва беҳдошт даъват карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин вазъи душвори ҷаҳон, таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона, афзоиши хатарҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, киберҷинояткорӣ, мушкилоти экологӣ, бахусус тағйири иқлим ва афзоиши офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.