ИМА аз Рӯзи қиёмат дар Украина хабар доданд

Рӯзномаи “Washington Post” менависад, ки кишварҳои Ғарб ба бадтарин сенарияҳои афзоиши низоъ дар Украина омода мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино бар тахриби низоми энержии Украина, кишварҳои Ғарб бадтарин ҳолатҳои афзоиши низоъ дар ин кишварро баррасӣ доранд, менависад рӯзномаи “The ​​Washington Post”.
Ҳукумати Украина метавонад захираҳои байналмилалии худро аз даст дода воридоти муҳимотро пардохт намояд.
Инчунин ҳукумати Украина дигар наметавонад ӯҳдадориҳои қарзи берунаи худро иҷро кунад. Ин аст сенарияи рӯзи қиёмат, ки ҳамчун бӯҳрони тавозуни пардохт маъруф аст.
Илова бар ин, ба навиштаи ин рӯзнома, паноҳ бурдани оммавии украиниҳо ба хориҷ боиси берун бурдани мабллағҳои зиёд мегардад ва ин хатари суқути пули миллиро дорад.
Кремл: Қатъи низоъ дар Украина аз оқои Зеленский вобаста аст
Дар ин матлаб таъкид шудааст, ки иқтисоди Украина дар соли оянда метавонад дар баробари коҳиши 33 дарсадӣ 5 дарсади дигар коҳиш хоҳад ёфт.
"Шояд Украина дар як моҳ ба ду миллиард доллари дигар ниёз дошта бошад ва раҳбарони сиёсии Ғарб шаҳрвандонро ба сарзадани сенарияҳои бадтарин омода доранд", - навишта шудааст дар рӯзнома.
Артиши Русия аз 10 октябр ба ин сӯ дар саросари Украина ҳамлаҳои мушакӣ ба зерсохторҳои энержӣ, саноати дифоъӣ, фармондеҳии низомӣ ва алоқа анҷом медиҳад.
Тавре раисҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ин вокуниш ба ҳамлаи террористие буд, ки режими Киев дар пули Қрим ташкил кард. Аз он замон дар манотиқи мухталифи Украина ҳамарӯза, бонги хатари ҳамлаи ҳавоӣ шунида мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, қариб нисфи зерсохторҳои энергетикӣ аллакай тахриб шудаанд.