Вазъи Афғонистону анҷоми лоиҳаи CASA-1000: Раҳмон ва Шариф чиро баррасӣ карданд?

Кишвардори Тоҷикистон дар мулоқот бо сарвазири Покистон гуфт тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар пойтахти Покистон музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Покистон дар баробари ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлат будан, ҳамчунин омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа низ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар ин музокирот роҳбарони аз таваҷҷуҳ ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту энергетика таъкид намуданд ва дар ин замина барои рушду таҳкими бештари муносибатҳо дар ин самтҳо баргузории ҷаласаҳои пайвастаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур шумориданд.
“Тарафҳо ҳамчунин муҳимияти таҳкимбахшии фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ ва энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Форуми соҳибкориро таъкид намуда, таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашониро байни ду давлат ба мақсад мувофиқ шумориданд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Оғози музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф дар Покистон
Ҳамзамон дар мулоқот ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, кишоварзӣ ва саноати доруворӣ таваҷҷуҳ карда шуд.
Ҳамчунин роҳбарони ду кишвар бар бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштарак, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии коркарди нахи пахта, пашму пӯст, сангҳои мармару хоро, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи доруворӣ дар Тоҷикистон, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва технологияҳои муосири Покистон ба бахшҳои гуногуни истеҳсолоти Тоҷикистон таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф дар ин мулоқот баромадан ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути роҳҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётии пайвастшавии Тоҷикистон ва Покистон, инчунин бунёди долонҳои нави минтақавиро ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим донистанд.
Дар бахши ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика, таваҷчуҳи асосӣ ба татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчун пайвандгари воқеии бозорҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Шилик аз тӯпхонаҳо: пазироӣ аз Раҳмон дар Покистон - аксҳо
Ҳамзамон аз шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, афзоиши хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи силоҳ, маводди мухаддир, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромаромилӣ, мушкилоти экологӣ, хусусан тағйирёбии иқлиму афзоиши офатҳои табиӣ ва зуҳуроти бемориҳои басо хатарноки сироятӣ дар минтақа ва ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир таъкид намуданд.
Дар мулоқот атрофи қазияи Афғонистон ва таҳкими бештари шарикии Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот сарвазири Покистон ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба зарардидагони минтақаҳои гуногуни ин давлат аз обхезиҳои шадид дар соли равон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқот, ҳамчунин, масоили рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, илм, техникаву технология ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаҳо баррасӣ гардид.
Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шуд
“Дар ин замина густариши тамосҳои доимии зиёиён, олимон, эҷодкорон ва аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани муштаракоти фарҳангиву тамаддунии мардумони ду давлат, дар бораи ташкили конфронсу мизҳои мудаввари илмӣ ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар таъкид карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Дар анҷоми мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф даъват кард, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оваранд.