ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иқрор шуд, ки бинобар таъмири хатти "Найбобод" содироти нерӯи барқ ба Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистон комилан қатъ нашудааст, балки каме коҳиш ёфтааст.
"Ҳоло 125 МВт тавассути "Найбобод" интиқол дода мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.
Ин тавзеҳи ҷониби Тошканд дар ҳолест, ки ахиран толибҳо дар қатъи барқ Ӯзбекистонро айбдор карданд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли сухангӯи ширкати энержии DABS-и Афғонистон, Ҳикматулло Майвандӣ, овардааст, ки ба далели мушкилот дар шабакаи барқ, Ӯзбекистон муваққатан натавонистааст ӯҳдадориҳои қарордодии худро дар назди Кобул иҷро кунад.
Ба гуфтаи вай, толибҳо талош доранд, камбуди энергетикиро аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла аз нав ба кор андохтани марказҳои гармидиҳии аловӣ бартараф кунанд.
Ҳукуматдорҳои нав дар Афғонистон ба мардумашон ваъда медиҳанд, ки сарфи нерӯи барқро муассисаҳои давлатӣ кам карда, захираи озодшударо ба манзилҳои истиқоматӣ равона мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки мушкилот дар таъминот бо нерӯи барқ дар самти Ӯзбекистон дар тӯли як моҳи ахир мунтазам ба вуҷуд меояд. Қаблан хабар дода шуд, ки худи Ӯзбекистон низ дар таъминот бо нерӯи барқ дучори мушкил шудааст.