Бонки исломии рушд ба рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон пул медиҳад

Бонки исломии рушд эълон кардааст, ки дар соли оянда барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон наздик 10 миллион доллар пул масраф хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бонки исломии рушд барои рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон 9,5 миллион доллар ҷудо намуд, иттилоъ додааст “Saudi press agency”.
Ба иттилои манбаъ Бонки исломии рушд дар нишасти солонаи Шӯрои мудирони иҷроияи Бонк зери раёсати Муҳаммад Ал-Ҷассер, Раиси Бонки мазкур буҷаи солонаи бонкро барои соли 2023 тасдиқ намуданд.
Дар ин буҷа барои роҳандозии тарҳҳои нави рушд дар 11 кишвари олам маблағи умумии 363,3 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 50% афзоиш ёфт
“Инчунин Бонки исломии рушд, ки қароргоҳи он дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷойгир шудааст, барои рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи маблағгузории иловагиро ба маблағи 9,5 миллион доллар тасдиқ намуд”, — омадааст дар хабари манбаъ.
Бонки исломии рушд яке аз бонкҳои бонуфуз дар ҷаҳон ба шумор рафта, филиалҳои он дар бисёр кишварҳо ҷойгир шудаанд.
Дороиҳои амалиётии бонк зиёда аз 16 миллиард ва сармояи оинномавии он 70 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.