ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҳавопаймои русӣ, ки дар масири Маскав - Қаршӣ парвоз мекард, маҷбур шуд дар фурудгоҳи эҳтиётӣ дар Самарқанд фуруд ояд.
Ҳавопаймои А47095-и ширкати ҳавоии “Азимут”-и Русия ба далели номусоид будани обу ҳаво ба фурудгоҳи Самарқанд равон карда шуд. Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар Қаршӣ он вақт туман буд ва шамоли сахт мевазид.
Дар соати 07:15 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймо бо 100 мусофир фуруд омад ва мунтазири беҳбуди шароити обу ҳаво шуд.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Uzbekistan Airports, маҳдудиятҳо барои нишаст ва парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қарши дар давоми як соат аз байн бурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷараёни мусофиркашони тариқи ҳавопаймо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Аксари мусофироне, ки аз Русия ба хориҷи кишвар парвоз мекунанд, бештар самти Тоҷикистон интихоб кардаанд. Дигар самтҳои маъруфи парвози русҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд.