Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон меравад

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Тавре аз дафтари матбуоти президент ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, сафари раисҷумҳури кишвар ба Исломобод рӯзи чаҳоршанбе оғоз гардида, ду рӯз идома хоҳад кард.
“Дар ин сафари дурузаи расмии раисҷумҳури кишвар ба Покистон асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд”, - афзуд манбаъ.
Охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд.
Қайд карда шудааст, ки ин боздидаш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.
Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар СҲШ мавзуъҳои терроризм ва Афғонистонро матраҳ карданд
Ёдовар мешавем, ки дар чанд моҳи ахир бо Шаҳбоз Шариф сарвазири Покистон дар чаҳорчуби чанд чорабинии байналмилалӣ дидору гуфтугӯ карда буд.
Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо он замон равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карда буданд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз моҳи сентябр то декабри соли равон ба Покистон ду маротиба корвони кумакҳои башардӯстона равон карда буд.
Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхт аз Тоҷикистон дар рӯзи аввали зимистон озими Покистон гардида буданд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи офатҳои табиии моҳҳои охир, аз ҷумла селу обхезиҳо садҳо нафар дар Покистон ба ҳалокат расида, даҳҳо миллиони дигар зарар диданд.
Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон маҳз ба шаҳрвандони осебдида аз ин офатҳои табиӣ равон карду шуд.