ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маблағҳои буҷетӣ таъмин кардан ғайриимкон аст, изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи қарзгириҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" баён доштааст.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, дар ҷаҳони муосир ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ин ё он давлат ва ё ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ раванди маъмулӣ мебошад.
"Маҳз дар ин замина давлатҳо рушди иқтисодии худро тавассути татбиқи ҳар гуна тарҳу лоиҳаҳои афзалиятдошта таъмин менамоянд. Аз ҷониби дигар бояд дарк кунем, ки рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маблағҳои буҷетӣ таъмин кардан аз имкон берун аст", - гуфт ӯ.
Қаҳҳорзода таъкид намудаст, ки роҳбарияти Вазорати молия тасмими ҷиддӣ дорад, ки минбаъд аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бештар грант ҷалб гардад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси иттилои расмӣ ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали октябри соли равон 3,8 млрд доллари амрикоӣ ё 37,1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 млрд доллар ё 85% қарзи берунаи давлатӣ ва ҳудуди 600 млн доллар 15% қарзи дохилист.
Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд.
Тибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.