Лавров: Таъсиси "сегонаи газӣ" бо Қазоқистону Ӯзбекистон бозии сиёсӣ нест

Вазири умури хориҷии Русия аз талоши Ғарб барои додани ангезаи сиёсӣ ба ташаббуси таъсиси сегонаи газӣ ҳамроҳ бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ташаббус дар мавриди ташкили иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон танҳо дар ҳоли баррасист, аммо дар Ғарб аллакай онро ангезаи сиёсӣ доданд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар суҳбат бо "Хабар 24" баён доштаст.
"Махсусан дар Ғарб иддао доранд, ки ин бозии сиёсӣ ва ё геосиёсӣ аст. Ҳеч гуна бозӣ дар тарҳ нест", - изҳор доштаст ӯ.
Вай таъкид намудаст, ки ин се кишвар инфрасохтори умумии газӣ доранд ва чунин тарҳҳо метавонанд барои ҳалли масоили мушаххаси амалӣ мусоидат намоянд. Ӯ гуфт, ахиран паёме хонд, ки Ӯзбекистон дучори камбуди нерӯи барқ шудааст ва афзуд, ки маҳз дар чунин ҳолатҳо тарҳҳои муштарак барои ҳалли мушкилот мусоидат мекунанд.
Ахиран роҳбарони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Коҳиши воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон
Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд,
Сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки пешниҳоди таъсиси "иттиҳодияи гази сегона"-и Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба расмият дароварда нашудааст.
"Албатта, ин пешниҳод ва ташаббус то андозае расмӣ хоҳад шуд. Гап дар сари он аст, ки ин як қаламрави азим ва васеъ дар як минтақаи хеле муҳим аст ва албатта, хатсайрҳо, таъминоти эжнержии газ ва ғайра барои ин қаламрав хеле муҳим аст", - гуфт ӯ.
Мақсади ин иттиҳодия ҳамоҳангсозии интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ мешавад.