ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мунтахаби Хорватия аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ бар бразилиҳо пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.
Ин бозӣ дар байни чорякфинал аввалин буд. Вақти муқаррарӣ бо мусовии бидуни гол анҷом ёфт ва бозӣ ба вақти иловагӣ гузашт.
Дар дақиқаи 105-ум Неймар ҳисобро боз кард, вале дар дақиқаи 117-ум Бруно Петкович ҳисобро баробар кард. Ғолиб дар зарбаи пеналтӣ муайян карда шуд ва аз ҳар як даста чаҳор зарбаӣ зад.
Кӯшишҳои аввал ва чоруми бразилияҳо ба самар нарасид , аммо хорватҳо ҳар чор голро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд ва ҳамин тавр бар тими Бразилия пирӯз шуданд.
Зимнан, дар бозии дигар мунтахаби Аргентина низ дар силсилаи пеналтӣ бар Голланд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ҳоло хорватҳо интизори бозӣ бо Аргентина ҳастанд.
Зимнан, дар бозии дигар мунтахаби Аргентина низ дар силсилаи пеналтӣ бар Голланд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ҳоло хорватҳо интизори бозӣ бо Аргентина ҳастанд.
Бояд гуфт, дарвозабони хорватӣ Ливакович қаҳрамони бозии даври 1/8 финалӣ бо Ҷопон буд, ки дар он ғолиб низ дар силсилаи пеналтӣ муайян шуд ва дарвозабон имкон надод, ки се туби ҳариф вориди дарвоза шавад.