ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Дар Душанбе сокини пойтахт барои беэҳтиромӣ нисбати кормандони БДА ва ҳамзамон вайрон намудани тартиботи ҷамъятӣ ҳабс карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда шабҳангом дар ҳолати мастӣ аз хиёбони Рӯдакӣ гузашта, нисбати кормандони бозрасӣ, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, онҳоро дашномҳои қабеҳ зад ва ба ҳамин роҳ тартиботи ҷамъиятиро низ халалдор кард.
Манбаъ меафзояд, нисбати сокини Душанбе тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда ба муҳлати ҳафт шабонарӯз паси панҷара меравад.
Қаблан, як кондукторро дар Душанбе барои таҳқир ва дашном додани пирамард ба муҳлати даҳ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карданд.