ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу баъд аз нишасти вазирони дифои СҲШ ва ИДМ таъкид кард, ки кишварҳои узви ин ду созмон ҳамкориҳоро дар арсаи низомӣ афзоиш хоҳанд дод.
“Дар нишаст зарурат бар таҳкими ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби СҲШ ва ИДМ, таҳкими эътимоди мутақобила ва роҳандозии робитаҳои зич бо дигар созмонҳои манфиатдор таъкид шуд”, - гуфт Шойгу.
Вазири дифои Русия ҳамчунин қайд кард, ки иштирокчиёни ҷаласа дар бораи такмили механизми табодули иттилоот дар соҳаи амният, инчунин мунтазам гузаронидани чорабиниҳои таълимии оперативӣ ва ҷангиро бо таҳияи тактикии нави ҷангӣ ба мувофиқа расиданд.
Вазири дифои Русия гуфт, ки кишварҳои узв ба тактикаи наве, ки террористони байналмилаӣ истифода мебаранд, бояд мубориза бурд.
Ахиран дар Маскав ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ баргузор шуд, ки дар ин ҷаласа вазири дифои умии Чин генерал-полковник Вей Фэнхэ ба таври маҷозӣ суханронӣ кард.
Зимни мулоқот вазирони дифоъ масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро баррасӣ намуданд.