ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, қарореро имзо кард, ки бар асоси он вазорати молия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон то 5 миллиарду 740 миллион рубл ҷудо мекунад.
Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Тибқи ин фармон, Вазорати молияи Русия бояд дар соли ҷорӣ ба Сандуқи Авруосиёии Субот ва Рушд кумаки молӣ ворид кунад.
Ин маблағ барои анҷоми корҳои сохтмону васлкунӣ ва муҷаҳҳаз сохтани биноҳои муассисаҳои таълимии русзабони Тоҷикистон сарф мешавад.
Сухан дар бораи мактабҳое меравад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ҷойгиранд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 мактаби русӣ кушода шуд, ки бо тамоми лавозимоти муосир муҷаҳҳаз аст.
Дар ин маросим Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ширкат доштанд.
Дар ҳар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд. Муаллимони рус ба онҳо тибқи барномаҳое, ки махсус барои Тоҷикистон мутобиқ шудаанд, таълим медиҳанд.