ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Томас Вест ва вазири дифои ҳукумати толибон Муҳамадёқуби Муҷоҳид дар дидоре дар Абузабӣ пойтахти АМА тавофуқ карданд, ки ҳайате аз дипломатҳои Амрико ба Кобул бираванд то дар хусуси бозгушои сифорати ин кишвар дар Афғонистон дар ояндаи наздик гуфтугӯ кунанд.
Тавре расонҳои дохилии Афғонистон хабар додаанд, дар ин дидори Муҳамадёқуби Муҷоҳид дар бораи таъмини амнияти дипломатҳои Амрико дар Кобул ба Томас Вест итминон додааст.
Ҳануз давлати толибон ва Амрико дар ин бора изҳори назар расмӣ накардаанд.
Низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ дар Афғонистони соли 2021 аз ин кишвар хориҷ шуданд.
Афғонистони пас аз ду даҳаи ишғол тавассути низомиёни амрикоӣ ва нобудии зерсохтҳо, ҳамакнун бо буҳронҳои мутаъаддиде аз ҷумлаи буҳрони иқтисодӣ ва инсонӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Дар чунин шароитии Амрико ба баҳонаҳои гуногун Афғонистонро таҳрим ва ҳудуди 10 миллиард доллар аз пули ин кишварро мунҷамид карда, ки ин иқдом вазъияти афғонҳоро вахим сохтааст.